БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом 717 иншооти ҷашнӣ бунёд мешаванд

Июль 23, 2022 11:53

СУҒД, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 717 адад иншооти нави ҷашнӣ дар шаҳр ба нақша гирифта шуда, дар соли 2022 таъсиси 120 иншооти нав дар назар аст. Аз ин теъдод 60 ададаш корхонаҳои саноатӣ ва боқимонда иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ мебошанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Аз иншооти ҷашнӣ 2 мактаб, 1 кӯдакистон, 3 корхонаи саноатӣ, бинои нави кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, боғи нави истироҳатӣ омодаи баистифодадиҳӣ мебошанд.

Шаҳри Конибодоми вилояти Суғд туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз зебову назаррабо, тозаю озода гардида, ба гӯшаи ободи кишварамон табдил ёфтааст. Ин ҳама ободкориҳо натиҷаи заҳмати пурмаҳсули аҳолии диёр, масъулини кормандони ташкилоту муассисаҳо ва Корхонаи фаръии давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ба шумор меравад.

Ба туфайли меҳнати ҳалолу хоксоронаи сокинони шаҳри Конибодом иқдоми ободонию тозагӣ дар шаҳр рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта, маҳаллу деҳот бо азму иродаи созандаи сокинон сарсабзу хуррам ва ободу зебо гардонида мешаванд. Ин амали нек имкон фароҳам меорад, ки сатҳи зиндагию фароғати сокинони шаҳру деҳоти Конибодом беҳтар гардад ва ҷашни фархундаи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин шаҳри зебоманзар бо бунёду навсозӣ ва ободонию тозакориҳо истиқбол гирифта шавад.

Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»

АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Конибодом

Июль 23, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд