БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 317 иншооти ҷашнӣ бунёд гардиданд

Июль 17, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 17.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 6204 иншоот ба наша гирифта шудааст. Аз ин миқдор дар нимсолаи аввали соли равон 317 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сарчашмаҳо ба соҳаи сохтмон дар вилоят дар ҳаҷми 1 миллиарду 538,7 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122,6 фоизро ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла, аз ҳисоби манбаи маблағгузории давлатӣ 201,5 миллион сомонӣ, ҷамъиятҳои масъулияти маҳдуд 126,9 миллион сомонӣ, соҳибкорон 106,9 миллион сомонӣ, аҳолӣ 75,1 миллион сомонӣ, сармояи хориҷӣ 1 миллиарду 21,8 миллион сомонӣ ва аз дигар манбаъҳо 6,6 миллион сомонӣ мебошад.

Корҳои сохтмону васлкунӣ дар ин давра ба маблағи 1 миллиарду 72 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, 1036 адад хонаҳои шахсӣ дар масоҳати 175 468 метри мураббаъ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо дарназардошти иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба маблағи 473 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 17, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 110 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ сохта мешавад
Душанбе мизбони ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз мегардад
Ҷаласаи 21-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба савдо доир шуд
Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ гардид
Хоҷагидорони ноҳияи Вахш аз як замин чанд ҳосил ба даст меоранд
Студияи наву муосир дар назди рӯзномаи «Навиди сино» ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид