БА ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН! Барои онҳое, ки балли кам доранд, озмун гузаронида мешавад: имконияти интихоби донишгоҳи нав мавҷуд аст

Июль 31, 2022 12:29

ДУШАНБЕ, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Довталабон бояд муассисаи таълимиро дуруст интихоб кунанд, зеро ҳангоми тақсимот онҳо аз рӯи баллҳои гирифташуда ба гурӯҳи ихтисосҳои аз нав интихобшуда дохил карда мешаванд. Қоида ба довталабоне дахл дорад, ки аз интихоб гузаштаанд, вале аз сабаби зиёд будани талабот ба таълим аз рӯи ин ихтисос балли кам гирифтаанд.

Ин навбат донишҷӯёни ояндаро ба он самтҳое ҷудо мекунанд, ки аз тарафи шумораи камтари довталабон интихоб карда шудаанд.

Барои иштирок дар озмуни интихобӣ довталабон бояд дар рӯзҳои эълоншуда ба нуқтаи бақайдгирӣ омада, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома ва рақами расиди пардохти маблағи иловагӣ аз нав сабти ном шаванд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни тақсимоти такрорӣ ба донишгоҳҳо бо ёрии барномаи махсуси компютерӣ сурат мегирад, аз ин рӯ омили инсонӣ наметавонад ба ин раванд таъсир расонад, яъне имконоти тақаллуби натиҷаҳо истисно карда мешавад.

София ШОИКОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июль 31, 2022 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид