Бори аввал намоиши «Пайкара ва нимпайкараҳо аз фонди Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал намоиш таҳти унвони «Пайкара ва нимпайкараҳо аз фонди Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид, ки он аз 5 то 25 июл идома меёбад.
Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки 5 июл зимни ифтитоҳи намоиши мазкур роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани намоиши мазкур инъикоси ҳунари пайкара ва нимпайкарасозӣ мебошад, ки ба воситаи он ҳодисаҳои таърихӣ, кору пайкор, чеҳраҳои шинохта, орзую омол ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик инъикос ёфтаанд.
Дар намоиш зиёда аз 60 адад пайкара ва нимпайкараҳои офаридаҳои Ҳакимов Н., Ахунов О. А., Закиров К.Ю., Одинаев В., Ғаниев А., Мухина В. И., Татаринова Е.А., Чередниченко Г.Г., Иванов И. Г., Жумагазин К., Иванова З.М. ва дигарон ба тамошо бароварда шудаанд.
Пайкара ва нимпайкараҳои дар намоиш пешниҳод гардида, фарогири мавзуъҳои гуногун, аз қабили муҳофизати Ватан, дӯстӣ, ҷавонӣ, донишҷӯӣ ва илмомӯзӣ буда, асарҳои «Тирандоз», «Муйсафеди дуторнавоз», «Модарӣ», «Пахтачинзан», «Духтари рўбобнавоз», «Суруди тантанавӣ», «Орзуҳо», «Субҳ», «Шитоби шамол» ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.
Муаллифон асарҳои хешро бо истифода аз гаҷ, саффол, чӯб, чӯян, санги хоро (гранит), навъҳои гуногуни гил ва дигар навъҳои сангу филиз офаридаанд.
Гуфта шуд, ки имрӯз дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 адад пайкара ва нимпайкараҳо ҷамъоварӣ ва ҳифз мегарданд, ки аз рӯзгори гузаштаи ниёгони тоҷикон қисса мекунанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






