БРИКС барои тавсеа омода мешавад. Аргентина ва Эрон метавонанд аъзои иттиҳод гарданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои БРИКС — Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ — аллакай раванди омодагиро оғоз кардаанд, ки васеъ гардидани иттиҳодро дарбар мегирад. Ба гуфтаи муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Рябков, дар ин масъала набояд интизори тасмимҳои фаврӣ шуд, вале муҳокимаи номзадҳои нав аллакай оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Аргентина ва Эрон барои ба БРИКС ҳамроҳ шудан дархост доданд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки «як қатор кишварҳои дигар низ ҳастанд, ки дар муҳокимаҳо зикр мешаванд». Рӯзномаи олмонии «Frankfurter Allgemeine Zeitung» тасдиқ кард, ки Миср ва Индонезия низ байни довталабон барои узвият дар ин иттиҳод мебошанд.
Кӣ ва кай ба БРИКС шомил мешавад, ризоияти аъзои феълии ин иттиҳод муайян хоҳад намуд. Русия ва Чин аллакай аз тамоюли тавсеаёбӣ пуштибонӣ карданд. Дар ин тасмим, тавре Лавров гуфт, «таъмини самаранокии минбаъда ва афзоиши натиҷаҳои амалии кори ин сохтор» калидӣ хоҳанд буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






