ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Бозии тими мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон бо Туркманистон мусовӣ анҷом ёфт

Июль 9, 2022 08:29

ДУШАНБЕ, 09.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои занона дар Душанбе бо тими Туркманистон мусовӣ (1:1) кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба голи бозингари тими Тоҷикистон Муниса Мирзоева дар дақиқаи 6-уми вохӯрӣ футболбозони туркман бо зарбаи дақиқи Светлана Прянникова дар нимаи дуввуми бозӣ ҷавоб доданд.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқоти чемпионати CAFA-2022 тими Эрон бар тими Қирғизистон ба ҳисоби — 1:0 пирӯз шуд.

Бозиҳои даври дуюми чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона рӯзи душанбе, 11 июл баргузор мешаванд.

Тибқи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занона аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои миллии занона:

Даври 1

8 июл (ҷумъа)

19:00 – Қирғизистон – Эрон – 0:1

22:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН – 1:1

Даври 2

11 июл (душанбе)

19:00 – Туркманистон – Қирғизистон

22:00 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

Даври 3

14 июл (панҷшанбе)

19:00 – Узбекистон – Туркманистон

22:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

Даври 4

17 июл (якшанбе)

19:00 – Эрон – Туркманистон

22:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 5

20 июл (чоршанбе)

19:00 – Узбекистон – Эрон

22:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Акс: ФФТ

 

Июль 9, 2022 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад