COVID-19. Субҳи имрӯз ба Тоҷикистон беш аз 204 ҳазор воя ваксина ворид гардид

Июль 25, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ба Тоҷикистон 204 ҳазору 750 воя ваксинаи «Pfizer» истеҳсоли ИМА ворид гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Ваксинаҳои мазкур дар доираи механизми COVAX ворид шуда, дар анбори махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX аз аввали маъракаи  эмгузаронӣ бар зидди COVID-19  беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст.

Давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002 800 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид шуданд.

Эмгузаронӣ бо вояи 3-юми ваксинаҳои зидди сирояти COVID-19 дар мамлакат аз моҳи январи соли 2022    оғоз гардид. То аввали моҳи июл вояи аввали ваксина ба  5 263 527 нафар (94,0%),    вояи дуюм ба   5 158 348 нафар (92,2%)  ва  вояи сеюм ба  4 104 007 нафар (73,3%)  аҳолии кишвар гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли равон ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июль 25, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид