Дар басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе 2588 нафар фаро гирифта мешаванд

Июль 15, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар/. Дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳурӣ бо фарогирии 1540 нафар хонандагон басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар маҷмуъ, дар басти сеюм 2588 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд ва он то 25 июл идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз 14 июли соли равон дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2022 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2022» дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур бо фарогирии 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ва дар 37 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 15, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид