Дар Британияи Кабир 5 сентябр номи сарвазири навро эълон мекунанд

Июль 12, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Британияи Кабир номи сарвари нави ҳукумат ва роҳбари консерваторонро 5 сентябр мефаҳманд. Дар ҳамин ҳол, имрӯз рӯйхати номзадҳо эълон мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба гуфтаи раиси кумитаи парлумонии соли 1922, ки масъули раванди интихоби раҳбари навбатии ҳизб Грэм Брэди аст, номи раиси нави кабинети вазирони Британия баъд аз бозгашти парлумон аз таътили тобистона маълум мешавад. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки раванди интихоби сарвазири нав ба таъхир нахоҳад афтод.

Пешбарии номзадҳо ба мақоми сарвазир рӯзи 12 июл сурат мегирад. Баъдан чанд даври овоздиҳӣ баргузор шуда, дар натиҷаи он шумораи номзадҳо кам мегардад. То 21 июл танҳо ду довталаб боқӣ хоҳанд монд. Кадоме аз онҳо сардори нави ҳукумат мешавад, аъзои ҳизби ҳокими консервативӣ тасмим хоҳанд гирифт.

АКС: UnsplashФОТО: Unsplash

Июль 12, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид