Дар Хоруғ гурӯҳи кории корманд-занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои таъмини амният дар Бадахшон қадрдонӣ шуд

Июль 2, 2022 12:14

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 100 нафар аъзои гурӯҳи кории корманд-занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамзамон гурӯҳи калони фаъолзанони ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ, ки дар вақти гузаронидани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ саҳми арзанда гузоштанд, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати ВКД бо нишонҳои сарисинагӣ, медалу сипоснома, раҳматномаву ифтихорномаи фахрӣ ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати ВКД дар ВМКБ хабар медиҳад.

Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳи кории 100-нафараи корманд-занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои таъмини амният дар ВМКБ дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он тамоми корманд-занони мақомоти милитсия, прокуратура, суд, гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, коммисариати ҳарбӣ ва як гурӯҳ фаъолзанони маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Хоруғ, ки зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ ба гуруҳҳои кори корманд-занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамдастӣ ва мусоидати ҳамаҷониба намудаанд, иштирок доштанд.

Сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ Шариф Назарзода зимни суханронӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳи корӣ саҳми онҳоро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи комили сиёсӣ дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, махсусан шаҳри Хоруғ назаррас арзёбӣ намуд.


Тазаккур дода шуд, ки гурӯҳи корӣ бо баргузории маҷмӯи тадбирҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона ва доир намудани суҳбату вохӯриҳо дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бо занону модарон дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, нигоҳдошти солимии оилаҳо ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳия эҳтиром дар арзишҳои қонунгузорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва баланд бардоштани ҳувияти милии ҷавонон нақши калидӣ гузошт.

Ба таъкиди Сардори мақомоти милитсияи вилоят, ҳоло Бадахшон ба марҳилаи нави рушд қадам гузошта, фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ ва тартиботу низоми ҳуқуқӣ пурра ҷорӣ гардидааст.

Тавре зикр гардид, дар давоми 4 моҳе, ки гурӯҳи кории 100-нафара созмон дода шуд, ҳар гоҳе дар ҷомеа нофаҳмӣ ва муаммое сар мезад, корманд-занони тамоми мақомоти таъмини амният дар ВМКБ ба Раёсати ВКД дар вилоят даъват карда шуда, баъди дастурдиҳӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсия ҷиҳати фаҳмонидани ҳадафу ғаразҳои нопоки баъзе ашхоси алоҳида ва гурӯҳҳои нотавонбин ба маҳаллаҳо, махсусан назди занону модарон сафарбар карда мешуданд.


Шариф Назарзода бо изҳори миннатдорӣ ба тамоми модарону бонувони Бадахшон, аз ҷумла модарони бошарафи шаҳри Хоруғ зикр дошт, ки маҳз онҳо дар вақти гузаронидани суҳбату тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона бо иродаву тафаккури созанда моро дуруст дарк намуда, нагузоштанд, ки фарзандонашон фирефтаи баъзе гурӯҳҳо гардида, даст ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва бетартабиҳои оммавӣ зананд.

Ӯ илова намуд, ки аз рӯзи аввали корӣ такя ба неруи созандаи мардуми шарафманди Бадахшон кард ва барои дастгирии ҳамаҷониба ва пирӯзии ақли солим ба онҳо изҳори сипос баён намуд. Аз ин рӯ, чорабиниҳои махсуси оперативии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, омилони асосии вайронкунандагони тартиботу оромӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад ҳамаи 100 нафар аъзои гурӯҳи кории корманд-занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои таъмини амният дар ВМКБ ва гурӯҳи калони фаъолзанони ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ, ки дар вақти гузаронидани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ саҳми арзанда гузоштанд, аз номи роҳбарияти ВКД ҶТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Раёсати ВКД дар вилоят бо нишонҳои сарисинагӣ, медалу сипоснома, раҳматномаву ифтихорномаи фахрӣ ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.

Чанде аз иштирокдорон бо шукргузорӣ аз сиёсати муваффақи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои орому осудаи ватан суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки сулҳи комил ва суботи пойдорро ҳифз менамоянд ва барои гул-гулшукуфонии Бадахшон — гӯшаи биҳиштосои кившар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

АКС: РВКД дар ВМКБ

Июль 2, 2022 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд