Дар истироҳатгоҳи «Офтобак»-и шаҳри Норак 360 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб мешаванд
НОРАК, 13.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022» истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Офтобак»-и шаҳри Норак 25 июн фаъолияти худро оғоз бахшида, бо дастгирии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар басти якум 80 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон истироҳати бофароғат намуданд.
Тибқи иттилои директори истироҳатгоҳи «Офтобак» Шоҳина Саидова, истироҳатгоҳи мазкур дар се баст фаъолият намуда, мувофиқи нақшаи пешбинишуда, бояд 360 нафар кӯдакону наврасон истироҳат намоянд.
Ҳамчунин раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Норак Аслия Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки то имрӯз дар истироҳатгоҳҳои наздимактабии шаҳри Норак 1070 нафар наврасон ба истироҳат фаро гирифта шуданд ва мувофиқи нақша бояд дар назди муассисаҳои томактабӣ 1500 нафар, дар назди муассисаҳои зертобеи шуъбаи маориф 3300 нафар, дар назди мактабҳои варзишӣ 520 нафар ва дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ 535 нафар ба истироҳати тобистона ҷалб шаванд.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани таътили тобистона мураббиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» ғайр аз машғулиятҳои варзишӣ, инчунин чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла «Шоми байтбарак», озмунҳои «Ҳозирҷавобон» ва хондани сурудҳо дар васфи ватан-модар доир намуда, хотири истироҳаткунандагонро болида месозанд. Хушбахтона мураббиён ва мутасаддиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» тавре кор мекунанд, ки кӯдакону наврасон дар таътили тобистона қаноатмандона истироҳат карда, бо як ҷаҳон таассурот назди волидонашон бармегарданд.
Роҳбарияти истироҳатгоҳи «Офтобак» бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистонаи имсола тадбирҳои зарурӣ андешида, ба фарогирии кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзиро дар ҳамкорӣ бо масъулини иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба истироҳати бофароғат ҷалб менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






