Дар корхонаи холисгардонии тилло дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ ҷойҳои корӣ зиёд карда мешаванд

Июль 28, 2022 11:50

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» мулоқот намуд, ки зимни он доир ба вазъи кунунии корхонаи истеҳсолӣ, нақшаву барномаҳои роҳбарияти корхона, ташкили ҷойҳои нави корӣ, иҷрои уҳдадориҳои корхона ва марҳила ба марҳила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар корхона консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимиёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра баробар аст.

Раиси вилоят бо назардошти ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат ба роҳбарияти корхона ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва бештар намудани ҷойҳои корӣ супоришҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки 17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд.


Маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур тариқи онлайн сурат гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ва Раиси Раёсати ширкати «ТВЕА» Чжан Син дар шаҳри Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври рамзӣ тугмаи ба кор андохтани коргоҳи холисгардонии тиллоро пахш намуда, тавассути монитор бо раванди коркарди маъдан ва истеҳсоли тилло шинос шуданд.

Мавзеи Кумарғи боло дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш, обҳои мусаффо ва канданиҳои фоиданоки зиёд мебошад.

Корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар масоҳати 45,2 гектар бунёд шуда, арзиши лоиҳавии он 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июль 28, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд