Дар мулоқоти Баҳодур Шерализода ва Луи Женмин дар қароргоҳи СММ ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши обу иқлим баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аҳамияти ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар самти ҳифзи муҳити зист дар қароргоҳи СММ – шаҳри Ню-Йорк зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женмин баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои мухталифи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори иқтисодиёт баҳри расидан ба ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Зимни вохӯрӣ Баҳодур Шерализода доир ба саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишвар ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуд. Ҳамзамон муовини Дабири кулли СММ Лиу Женмин нақши Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карда, саривақтӣ будани ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 таъкид намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






