Дар Вена даври даҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид

Июль 1, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар Вена даври даҳуми машвартҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайатҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Герҳард Зайллер роҳбарӣ карданд.

Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Австрияро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрия дар тамоми арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона густариш меёбанд. Дар ин замина аҳаммияти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар қаламрави Тоҷикистон таъкид гардид.

Тарафҳо ба зарурати тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ишора намуда, таҳкими ҳамкориро зарур шумориданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 1, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд