Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷойи якумро ишғол намудааст

Июль 12, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якумро ишғол намудааст. Ин раддабандӣ  дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, иброз дошт  Ректори Донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода зимни баргузории нишасти мабуотӣ.

Гуфта шуд, ки агентӣ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро  аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ  муайян кардааст.

«Дар рейтинги мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо касби 236 хол сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби ҷоизаи ин озмун шуд», —  илова кард Ректори донишгоҳ.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар 123 кафедраи донишгоҳ 1655 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 13 нафар академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 182 нафар докторони илм, 610 нафар номзадони илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 1323 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ ва 345 нафар ҳамчун омўзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд.

Шумораи донишҷўёни донишгоҳ ба 23 ҳазору 362 нафар баробар аст, ки аз ин 17 ҳазору 611 нафар дар шуъбаи рўзона  ва 4968 нафар дар шуъбаи ғоибонаю фосилавӣ таҳсил менамоянд.

Дар донишгоҳ аз рўи 124 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, аз рўи 84 ихтисос дар зинаи тањсилоти магистратура ва 103 ихтисос дар зинаи доктор РhD, доктор аз рўи ихтисос мутахассисон омода гардида, таҳсил дар гурӯҳҳои таълимии донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд