Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои 200 нафар омӯзгорон хонаи истиқоматӣ бунёд намояд
ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик, дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои 200 нафар омӯзгорон бинои истиқоматӣ бунёд намояд. Ин матлабро Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз ҷониби Раёсати донишгоҳ як зумра имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, барои омӯзгороне, ки пеш аз муҳлат рисолаи номзадиро ҳимоя мекунанд — маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва рисолаи докториро ҳимоя менамоянд — 15 ҳазор сомонӣ маблағ муайян гардидааст.
Инчунин, барои омӯзгороне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Раёсати донишгоҳ ҷудо гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ 906 нафар омӯзгор, аз ҷумла 284 нафар унвондор: 37 нафар докторони илм ва 247 нафар номзадҳои илм, 238 нафар муаллими калон ва 384 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.
Дар баробари ин 163 нафар ҳамкорони беруна низ ба фаъолияти муштарак ҷалб гардидаанд, ки аз инҳо 44 нафар доктори илм, 62 нафар номзади илм, 5 нафар муаллими калон ва 52 нафар ассистент мебошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






