ФУТБОЛ. Имрӯз миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ» оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мусобиқаи футбол миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ — Ҷоми «Ҷавонӣ» оғоз мешавад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила — пешакӣ ва ниҳоӣ баргузор мегардад. Дар марҳилаи пешакӣ, ки аз 7 то 24 июл баргузор мегардад, дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар минтақаи Суғд чаҳор даста барои ягона роҳхат ба қисми ниҳоӣ — «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод миёни ҳам мубориза мебаранд.
Дар минтақаи Душанбе бошад шаш даста – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва КМВА-и шаҳри Душанбе баромад мекунанд. Се даста аз минтақаи Душанбе ва ғолиби минтақаи Суғд ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.
Ғолибони бозиҳои 1/2 ниҳоӣ дар финал бозӣ мекунанд ва дастаҳои мағлубшуда дар бозӣ барои ҷойи сеюм миёни ҳам вомехӯранд.
Мавриди зикр аст, ки фонди ҷоизавии Ҷоми «Ҷавонӣ» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа 30 ҳазор сомонӣ, дастаи ҷои дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ хоҳад гирифт
Акс: ФФТ








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






