Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Алиризо Баҳромов (71кг) ва Муҳаммадамин Абдуллоев (80кг) аз намуди гӯштини тарзи озод ба шаҳри Рими Италия барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасони то 17-сола сафарбар шуданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон.
Чемпионати мазкур 25 июл оғоз гардида, то 31 июл идома меёбад ва дар он 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 давлат иштирок мекунанд.
Қувваозмоиҳо 25 июл бо гӯштини юнонӣ-римӣ оғоз гардида, 29 июл бо гӯштини тарзи озод идома меёбанд ва 31 июл ба анҷом мерасанд.
Дар асоси барномаи чемпионат Муҳаммадамин 29-30 июл ва Алиризо 30-31 июл гӯштин мегиранд. Рӯзи аввал марҳилаи интихобӣ ва рӯзи дуюм финал ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасони то 17-сола дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Муҳаммадамин Абдуллоев ва дар Чемпионати Осиё миёни наврасони то 15-сола дар Манамаи Баҳрайн Алиризо Баҳромов сазовори медали нуқра гардида буданд.
Дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон Тоҷикистон ҳамагӣ ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дорад. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон соли 2019 дар Софияи Булғористон дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ Шероз Очилов дар вазни 65 кг медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55 кг медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
АКС: КМО Тоҷикистон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






