«ХИЗМАТИ ХИРСОНА». Ва ё чи тавр мо бо сақичҳои пастсифат дар «идгардак» ба саломатии кўдакон зарар меорем

Июль 9, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 09.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иди Қурбон имсол тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ  9 июл таҷлил мешавад. Дар ин рӯз  мувофиқи анъана мусулмонон ба аёдати беморон ва бекасону барҷомондагон мераванд. Маҳз дар Иди Қурбон дар ҳаққи ниёзмандон  меҳрубониву ғамхорӣ кардан, гӯшти курбонӣ ва садақа тақсим кардан, кӯдаконро бо туҳфаҳо шод кардан лозим аст. Кӯдакон низ ин рӯзро бесаброна интизоранд, зеро дар ин ид беҳтарин либосҳои худро ба бар мекунанд ва аксари онҳо ба «идгардак» мераванд. Сарфи назар аз он, ки ин як вақтгузаронии ҷолиб барои кӯдакон аст, дар солҳои охир бисёре аз сокинони Тоҷикистон мухолифи «идгардак» ҳастанд. Яке аз сабабҳои асосӣ пештар пандемияи коронавирус буд, аммо имрӯз, пас аз лағви маҳдудиятҳо, бисёре аз шаҳрвандон то ҳол зидди ин анъана  садо баланд мекунанд. Чаро?  

Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳое бо хоҳиши  волидон пайдо шуданд, то ки фарзандонашонро ба «идгардак» рафтан намонанд ва онҳоро бо сақичҳои арзон заҳролуд накунанду дар бораи саломатии онҳо андеша намоянд. Воқеан, «суннат»-и аҷиби паҳн кардани сақичҳои арзону пастсифат бо кадом сабабе маъмул шудааст, ҳарчанд Шӯрои уламо пайваста ба он мухолифат мекунад.

Чиро дар бораи сақич донистан ҳатмӣ аст?

Табиби оилавии Маркази саломатии рақами 10 шаҳри Душанбе Тахмина Холмирзоева ба  мо  дар бораи зарари сақичҳо изҳори андеша  кард.

«Бисёре аз сақичҳо таркиби химиявии номуайян, кансерогенҳои гуногун доранд. Мо оид ба технологияи истеҳсол, мавқеъ ва муҳлати истифодабарии онҳо маълумот надорем.

Ҷузъи асосии таркиби сақич изопрен ё каучуки бутадиен аст, ки аз маҳсулоти нафтӣ ҳосил мешавад.

Ин моддаҳо стиролро ҷудо мекунанд, ки як унсури барои саломатӣ хатарнок аст ва ба системаи асаб ва гардиши хун таъсири бад мерасонад. Ин ҳоло зарари асосӣ нест. Хатари ҷиддӣ  он  вақт ба вуҷуд меояд, ки  истеҳсолкунандагон компонентҳоро сарфа мекунанд ва ба ба ҷои онҳо каучукҳои синтетикиро истифода мебаранд. Онҳо сертификатсия нашудаанд ва ҳеҷ гуна таҳқиқоти бехатариро нагузаштаанд, ки ин ба саломатӣ зарари бештар дорад.

«Истифодаи сақич дар кӯдакӣ ва ҳатто наврасӣ бо нокомиҳо ва мушкилиҳо дар инкишофи дандонҳо мегардад. Сакич хоидан, махсусан ҳангоми пуф кардан ба нодуруст ҷойгиршавии дандонҳо оварда мерасонад. Тавре мо медонем, бисёр кӯдакон онро фурӯ мебаранд, бехабар аз он ки ин ба саломатиашон хеле зараровар аст. Агар кӯдак сақичро фурӯ барад, он метавонад боиси бемории рӯда, нафаскашӣ, илтиҳоби бронхҳо ё шуш гардад. Ва ҳангоми «идгардак» касе кӯдаконро назорат намекунад ва онҳо метавонанд дар як вақт чанд сақич хоидаву фурӯ баранд», — иброз кард табиби оилавӣ.

Барои фаҳмидани зарари сақич хондани  таркиби он дар баста кифоя аст. Мутаассифона, бештари волидон ин корро намекунанд. Дар он даҳҳо компонентҳои синтетикӣ номбар шудаанд. Ҳар яке аз онҳо таъсири манфӣ дорад. Масалан, дар ҳама гуна сақичҳо ширинкунанда аспартам мавҷуд аст, ки маҳз бо сабаби заҳролуд будани он истифодааш дар бисёр кишварҳо манъ карда шудааст. Он метавонад боиси дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, чарх задани сар, паст шудани фишор ва хастагӣ гардад.

«Сақичро пеш аз истеъмоли хӯрок ё фосилаи байни хӯрок хоидан мумкин нест. Меъда, рўдаи дувоздаҳангушта, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои хурд барои ҳазми ғизо об ҷудо мекунанд ва ҳангоми хоидани сақич вақте хӯрок нест, организм ба ҳазми луобпардаи худ шурӯъ мекунад. Аз ин рӯ, гастрити музмин, панкреатит ва колит пайдо мешавад. Ғадуди зери меъда инсулинро ба хун хориҷ мекунад, ки он истифода намешавад ва ин хатари пайдоиши диабетро афзун месозад. Агар узвҳои ҳозима аксар вақт бо ин роҳ фиреб дода шаванд, илтиҳоби музмини онҳо ногузир аст.

Мо аз афзоиши бемориҳои аллергӣ дар кӯдакон дар ҳайрат мешавем,  аммо аслан дар таркиби сақич 12-15 ҷузъи синтетикӣ мавҷуд аст ва ҳар яки онҳо -аллерген мебошанд, ки боиси доғҳои пӯст, астмаи бронхиалӣ ва дисбактериоз мешаванд. Дар таркиби рангҳои сунъии сақичҳои гуногунранг инчунин стироли заҳрдор мавҷуд аст. Дар хун омехта шавад, боиси дарди сар, дилбеҳузурӣ ва кам шудани иштиҳо мегардад. Сақичҳои сафед аз он камтар хатарнок нестанд, зеро дар таркибашон сафеди титан мавҷуд аст», — ҳушдор дод табиби оилавӣ Таҳмина Холмирзоева.

Андешаи ҷолиб

Аммо, агар воқеан  мақсад хурсанд намудани кӯдакон бошад, пас шояд  «хизмати хирсона» расонидан ба кӯдакон ва волидони онҳо бо  сақичҳои зараровар лозим набошад?! Шояд онҳоро бо шириниҳо ё чизи дигар иваз кардан мумкин аст?

Иди Курбон иди меҳрубонӣ ва хайрхоҳӣ аст, вале ба бачагон тақсим кардани сақичи ба саломатӣ зарароварро чунин номидан мумкин нест.

Шаҳло Ҳасанова, як сокини пойтахт низ мухолифи ба кӯдакон додани сақич аст. «Ман кӯдакони хурдсол дорам ва онҳо ҳамеша хоҳиш мекунанд, ки дар рӯзҳои ид дар ба дари ҳамсояҳо гарданд. Ман мухолифам ва намегузорам, ки онҳо бираванд.

Вақтхои охир дар рафҳои мағозаҳо ва бозорҳо дар баробари сақичҳои баландсифат,  инчунин сақичҳои қалбакӣ пайдо мешаванд. Махсусан пеш аз ид бо нархи 10-15 сомонӣ як қуттии сақичро харидан мумкин аст. Ин қуттиҳо тамоми рӯз дар зери офтоб меистанд. Масалан, чанд сол аст, ки ман ба духтарон ҷавоҳироти кӯдакона, бандҳои мӯй ва ба писарон туб ё мошин тақсим мекунам. Барои ман рӯшан нест, ки чаро калонсолон дар бораи он фикр намекунанд, ки бо паҳн кардани сақич ба саломатии кӯдакон зарар меравонанд ва гумон мекунанд, ки бо ин кор «савоб» мегиранд», -изҳор намуд ҳамсуҳбат.

Дар ҳамин ҳол дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бисёриҳо пешниҳод мекунанд, ки «идгардак» ба «китобгардак» табдил дода шавад. Яъне, ба ҷои сақич ва «чупа- чупс»  китобҳои бачагона тақсим карда шаванд.

«Албатта, ба аксари кӯдакон тақсим кардани китоб ғайриимкон хоҳад буд, аммо ҳатто як китоб метавонад ҳаёти кӯдакеро наҷот диҳад. Ғайр аз ин, на танхо китоб, балки қалам ё дафтар ва  блокнот  ҳам тухфа кардан мумкин аст», — таклиф мекунанд фаъолони клуби «Китоби Душанбе».

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вебсайти худ матлабе нашр карда буд, ки “идгардак” хилофи мазҳаби расмии ҳанафӣ аст.

«Дар шариат дар бораи «идгардак» дастуре нест ва аз ҷиҳати илмӣ исбот нашудааст, ки чунин анъана вучуд дорад. Гузашта аз ин, на дар шимоли Тоҷикистон ва на дар шарқ «идгардак» вуҷуд надорад. Дар дигар кишварҳои исломӣ чунин ҷашнҳои кӯдакона вуҷуд надоранд» -гуфта мешавад дар маводи Шӯрои уламо.

Илова бар ин, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дигар паҳлӯҳои манфии «идгардак»-ро зикр намуд: «Кӯдакон аз ҷониби волидон ва  дигар сохторҳо назорат намешаванд, ки боиси ташвиш мегардад. Онҳо ба ҷойҳои ношинос мераванд, роҳро аз ҷойҳои номумкин убур мекунанд, ба ҳуҷарҳои биноҳои баландошёна мераванд, ки ин ба бехатарӣ ва саломатии онҳо  хатар эҷод мекунад. Мо ба кулли шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда, аз онҳо даъват менамоем, ки дар рӯзи ид аз исрофкорӣ худдорӣ намуда, фарзандони худро зери назорати қатъӣ нигоҳ доранд».

Лайло ТОИРӢ 

(Аз рӯсӣ тарҷумаи София Шоик)

АКС: АМИТ «Ховар» ва аз манбаъҳои боз

Июль 9, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Муъминобод 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Тоҷикистон дар 9 моҳ 1142 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзим сабт шудааст
Дар Тоҷикистон аввалин маротиба ҷарроҳии саратони ғадуди зери меъда гузаронида шуд
Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявии ҷавонон доир шуд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН», «ФАРЗАНД- БОҒИ ПАДАРУ МОДАР». Ғолибони ин озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН ДАР НОРАК. Дар Тоҷикистон 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст
Татбиқи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конференсияи XXI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Душанбе баргузор гардид
Даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» баргузор мегардад
ФОРУМИ ДАҲУМИ МИЛЛӢ ОИД БА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон аст