Имомудин Сатторов дар сафари шиносоӣ-иттилоотӣ ба Бавария ҳамроҳ бо Президенти федеролии Олмон иштирок намуд

Июль 8, 2022 11:52

ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ҳамроҳ бо Президенти федеролӣ Франк-Валтер Штайнмайер ва роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Олмон ба устони федеролии Бавария сафар намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни сафар онҳо нахуст аз корхонаи «Leistritz AG»-и шаҳри Нрюнберг, ки фаъолияти он ба истеҳсоли  турбинаҳо, насосҳо, таҷҳизоти экструзӣ ва технологияи истеҳсолотӣ равона гардидааст, дидан карданд.

Ҳамзамон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ аз Пажӯҳишгоҳи илмии Ҳелмголтс Эрланген-Нюрнберг дар шаҳри Эрланген оид ​​ба неруи таҷдидпазир аз Осорхонаи миллии Олмон ва дар шаҳри Нюрнберг мавзеъҳои таърихии шаҳри Бамберг боздид ба амал оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз соли 1996 Президентҳои федеролӣ ҳар сол сафари шиносоӣ-иттилоотиро ҳамроҳ бо роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба яке аз 16 устонҳои федеролӣ ташкил мекунанд. Ҳадафи чунин боздидҳо муаррифии Олмон ва гуногунии минтақаҳои он ба дипломатҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 8, 2022 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид