Имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ нахустин бозии дӯстонаи худро баргузор мекунад

Июль 14, 2022 11:18

ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023   дар шаҳри Абҳа бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ нахустин бозии дӯстона баргузор мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев барои ин бозиҳо 23 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);

Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Азизбек Далиев, Бежан Нишонбойзода, Меҳроб Асоев, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо»), Азизбек Ҳаитов, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (КМВА), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»-и Кӯлоб);

Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Азизов («Динамо»), Салам Ашурмамадов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев.

 Бозиҳои дӯстона
14 июл (панҷшанбе)

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Абҳа, Арабистони Саудӣ

Оғоз – соати 19:00 ба вақти Душанбе

16 июл (шанбе)

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Абҳа, Арабистони Саудӣ 

Акс: ФФТ

Июль 14, 2022 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд