Имрӯз дастаҳои мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон бо Эрон ва Узбекистон бо Туркманистон бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби занона баргузор мешаванд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии аввал, соати 19:00 дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Туркманистон миёни ҳам вомехӯранд. Сипас соати 22:00 вохӯрии дастаҳои мунтахаби занонаи Эрон ва Тоҷикистон оғоз мегардад.
Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст! Ҳамаи мухлисонро барои дастгирии футболбозон ба варзишгоҳ даъват мекунем!
Чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои занона
Даври 3
14 июл (панҷшанбе)
19:00 – Узбекистон – Туркманистон
22:00 – Эрон – Тоҷикистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Акс: ФФТ








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






