Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ аз 1 март то 30 апрел номнавис шуданд, оғоз гардид. Дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ 94550 довталаб, ки аз онҳо 81829 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 12721 нафари дигарашон дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис карда шудаанд.
Тавре котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 46 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд, ки дар онҳо 1269 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.
Гуфта шуд, ки 11543 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-уми табиӣ ва техникиро интихобкарда қисми А-ро 11028 нафарашон ба забони тоҷикӣ ва 515 нафарашон ба забони русӣ имрӯз хоҳанд супорид. Барои иҷрои саволу масъалаҳои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.
Даври асосии имтиҳонҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ), то 7 июл идома меёбад: аз рӯйи қисми А вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо то 6-уми июл ва аз рӯйи қисми Б рӯзи 7-уми июл аст.
Довталаб бояд бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зеринро фаромӯш насозад:
— шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
— даъватнома;
— 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад);
— ниқоби тиббӣ.
Довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад, инчунин бо либосҳои мактаби ба имтиҳон ҳозир шавад.
Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:
— ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ;
— телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20 июл ба нақша гирифта шудааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд






