КӢ ХОДИМИ ДИН ШУДА НАМЕТАВОНАД. Парлумони Тоҷикистон ба қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ тағйирот ворид намуд

Июль 1, 2022 15:34

ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Эътибори ходими дин ҳамчун раҳнамои дин бояд бенуқсон бошад. Шахсоне, ки пеш ҷиноят содир кардаанд, ходимони дин шуда наметавонанд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо рӯзи 22 июн зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон Муҷибахон Ҷавҳарӣ пешниҳод гардиданд.

«Шахсоне, ки бар зидди озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ даст ба ҷиноят задаанд, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд, муассис ё узви иттиҳодияи динӣ буда наметавонанд», — иброз дошт ба АМИТ «Ховар» Муҷибахон Ҷавҳарӣ доир ба лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ».

Вакили Парлумон Муҷибахон Ҷавҳарӣ

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи қонун аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Дилшод Раҳмон ва Фарҳод Раҳимӣ ҳамчун ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст. Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони аз 7 феврали соли равон лоиҳа барои баррасӣ ва додани хулоса ба кумитаҳои парлумон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонда шуд.

Вакили парлумон ҳамчунин зикр кард, ки кумитаҳо ва шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонунро дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 15 пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо 6 пешниҳод пазируфта, 6 пешниҳоди дигар қисман қабул гардиданд ва 3 пешниҳоди боқимонда рад карда шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» соли 2009 қабул гардидааст. Тибқи он, интихоби имом-хатибон ва хатибони дар мувофиқа бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба корҳои дин ба роҳ монда мешавад.

Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар дода буданд, ки муллоҳо дар бархе аз манотиқ алайҳи бархе аз занон зӯроварии шаҳвонӣ ба кор бурдаанд. Дар бораи даст доштани ходимони дин дар ҷиноятҳои дорои характери ифротгароёна низ гузориш дода мешуд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 4058 иттиҳодияи динӣ сабти ном шудаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2022 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад