Консули генералии Тоҷикистон дар Алмаато бо фаъолони диаспораи тоҷикони шаҳри Тараз мулоқот намуд

Июль 8, 2022 10:24

ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Ҷамбул вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода бо фаъолони диаспораи тоҷикони шаҳри Тараз баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи ҳозирин маълумот дар бораи муносибатҳои дӯстона ва шарики стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, ҳамчунин дастовардҳои ду кишвар дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ расонида шуд.

Баъдан консули генералӣ ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дод. Ҳамватанон бештар дар бораи хизматрасониҳои консулӣ, ҳуқуқӣ ва мушкилиҳо ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ барои гирифтани иҷозати иқомати доимии Ҷумҳурии Қазоқистон муроҷиат намуданд.

Дар охири вохӯрӣ консули генералӣ саҳми ҳамватанони бурунмарзӣ дар ташкил ва ҷашнгирии идҳои миллию давлатиро дар кишвари иқомат муҳим арзёбӣ намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 8, 2022 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд