Миёни ширкатҳои «Сифат саноат»-и Тоҷикистон ва «Dundariar»-и Туркия ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июль 28, 2022 12:04

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Туркия дар самтҳои саноат ва соҳибкорӣ бо ташаббус ва мусоидати Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Болуи Туркия бо сафари шиносоӣ ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст рӯзномаи «Ҷумҳурият».

Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин сафар дарёфти шарики боэътимод дар байни соҳибкорони тоҷик, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки ба нақша гирифтани чунин ҳамкориҳо гувоҳи фаъолияти густурда ва боэътимоди Сафорати Тоҷикистон дар Туркия мебошад, ки барои таъсиси корхонаҳои муштарак тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар доираи сафар Сафорати Туркия дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои тиҷоратии ду кишварро роҳандозӣ намуд, ки дар он Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл иштирок дошт.

Таъкид шудааст, ки барои табодули таҷрибаи корхонаҳои истеҳсолӣ директори ширкати «Сифат саноат» Ҳокимшо Идиев яке аз омилҳои рушдро antihistamine-meds.com ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ намуд.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ «Сифат саноат»-и Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Dundariar»-и Туркия Ёддошти тафоҳум имзо шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2022 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд