Муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хоруғ мулоқот кард

Июль 1, 2022 15:35

ДУШАНБЕ, 01.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрии муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат.

«Мақсад аз суҳбати имрӯза иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва сифати таълиму тарбия, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи муосир дар раванди дарс, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи муассисаҳои таълимӣ ва мушкилоти мавҷудаи соҳа дар муассисаҳои таълимии ВМКБ мебошад”,- гуфт З.Абдулзода.

Дар ҷараёни суҳбат муовини вазир бештар ба масъалаи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсию бадеӣ, фарогирии хонандагон ба муассисаҳои томактабию миёнаи умумӣ, хусусан ҷаби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, дарёфти хонандагони болаёқат ва иштирок дар олимпиадаю озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон ва чанде дигар таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуда, ҷиҳати бартараф намудани проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар самтҳои зикршуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.


Сипас аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба як қатор мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла набудани воҳидҳои корӣ барои методистони шуъбаҳои маориф ва ба таври зарурӣ ҷудо нагардидани маблағ барои аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани онҳо, ҷорӣ намудани таълими экстернат, таъмини гурӯҳҳои русии муассисаҳои таълимии вилоят бо китобҳои дарсӣ, мисли солҳои қаблӣ барқарор намудани маҳфилҳои сурудхонӣ зимни таълими фанни суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ, дастрасии ҳамаҷониба ба имтиёзҳои муқарраргардида барои омӯзгорон, дар ҳар шаҳру ноҳияи вилоят сохта ба истифода додани як муассисаи типпи нав, пешгирӣ аз санҷишҳои ғайринақшавию беасос аз ҷониби мақомоти ғайрисоҳавӣ, ҷалби омӯзгорони нафақагир ба маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ, бо назардошти манфиатҳои худ таҳия ва тасдиқ намудани сметаҳои хароҷотии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби масъулини раёсату шуъбаҳои молия, аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ғайримақсаднок истифода шудани воҳидҳои кории ба соҳа ҷудошуда ва чанде дигар таклифу пешниҳодҳо манзур карда шуд.


Муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дар охир бори дигар доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд, истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, аз ҷумла истифодаи тахтаҳои электронӣ, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсию озмоишгоҳҳои таълимӣ ёдовар шуда, ҳамзамон зикр кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита бо мусоидати Вазир Раҳим Саидзода ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, таъминот бо компютеру тахтаҳои электронӣ, пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат, Сарвари давлат, Вазорати маориф ва илм дучанд фаъолият намуда, дар самти баландбардории сифати таҳсилот, бо истифода аз касбият ба роҳ мондани дарсҳои самарабахш ва омода намудани мутахассисони варзида, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва чанде дигар саҳми шоиста гузоранд.

АКС аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Июль 1, 2022 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд
ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад