ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳафтаи равон дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон то 45+48 дараҷа гарм мешавад

Июль 19, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки аз 19 то 23 июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, рӯзона дар водиҳо 39+44 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+48 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, 19-23 июл бо сабаби ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад. Инчунин  19-20 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Тавре  муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз 19 то 24 июл дар вилояти Хатлон ҳаво шабона то 33 дараҷа гарм ва рӯзона то 47+48 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд дар ин рӯзҳо шабона ҳаво то 25 дараҷа ва рӯзона то 41+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар ғарби ВМКБ ҳаво шабона 25 дараҷа ва рӯзона 40 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар ноҳияи Дарвоз гармии то 43 дараҷа пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе гармии ҳаво шабона 25+26 ва рӯзона то 44 дараҷа дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад