Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-18 ва камераи васлгарии нақбҳои обрасони агрегатҳои НБО «Роғун» шинос гардиданд

Июль 12, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-18 ва камераи васлгарии нақбҳои обрасони агрегатҳо шинос шуданд.

Камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ дар тарози 1 ҳазору 172 метр аз сатҳи баҳр бо дарозии 156 метр, паҳноии 18,4 метр ва баландии 21,2 метр ҷойгир шудааст.

Камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ, аз 6 шахтаи обрасон иборат буда, барои васлу насби оҳанфулузоти дохили шахтаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №1-6 пешбинӣ шудааст. Шахтаҳои мазкур барои расонидани об ба агрегатҳо хизмат мерасонанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ корҳои нақбканию пармакунӣ дар ҳаҷми 55 ҳазору 225 метри мукааб, бетонхобонӣ 725 метри мукааб ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ 5 ҳазору 460 метри мураббаъ иҷро шудааст.

Корҳои сохтмону васлгарӣ тибқи лоиҳаи ширкати “ЭФРИ”-и Швейтсария аз тарафи корхонаҳои паймонкори иншоот — Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло корҳои созандагӣ дар ин майдони сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз рӯи нақша бо сатҳу сифати баланд ҷараён доранд. Мутахассисону коргарон бо истифода аз техникаву механизми муосири соҳавӣ ва масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ҳамарӯза талош менамоянд, ки корҳои бунёдӣ дар иншооти стратегии малакат саривақт ба иҷро расонида шаванд.

Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисон суҳбат ороста, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Шахтаи обқабулкунаки агрегати №1 тибқи лоиҳа аз сатҳи 1 ҳазору 172 метр оғоз гардида, то ба сатҳи 966 метр мерасад, ки дар маҷмӯъ баландии он ба 206 метр баробар аст. Ҳаҷми корҳои нақбканӣ дар шахтаи мазкур аз рӯи лоиҳа 12 ҳазору 540 метри мукааб буда, то имрӯз 2 ҳазору 478 метри он иҷро шудааст, ки ин 41 метрро ташкил медиҳад.

Баландии шахтаи обқабулкунаки агрегати №2 206 метр буда, мувофиқи лоиҳа ҳаҷми корҳои нақбканӣ дар ин шахта 12 ҳазору 540 метри мукаабро дар бар мегирад ва то имрӯз 6 ҳазору 223 метри мукааб иҷро шудааст, ки ба 103 метр баробар аст.

Шахтаи обқабулкунаки агрегати №3 186 метр баландӣ дошта, аз рӯйи лоиҳа корҳои нақбканӣ дар он 12 ҳазору 540 метри мукааб пешбинӣ шудааст ва то имрӯз корҳо дар ҳаҷми 10 ҳазору 282 метри мукааб иҷро гардидааст, ки 170 метрро ташкил медиҳад.

Баландии шахтаи обқабулкунаки №4 низ 186 метрро дар бар мегирад ва корҳои нақбканӣ дар шахтаи мазкур аз рӯи лоиҳа 12 ҳазору 540 метри мукааб буда, аз он 10 ҳазору 152 метри мукааб иҷро шуда, ба 168 метр мерасад.

Шахтаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №5 ва №6 152 метрӣ баландӣ дошта, корҳои нақбканӣ дар ин шахтаҳо тибқи лоиҳа 9 ҳазору 700 метри мукааб буда, пурра иҷро шудааст.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми корҳои анҷомёфта дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои №1 ва №2 40 дарсад, дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 3 ва №4 70 дарсад ва дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои №5 ва №6-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба пуррагӣ иҷро гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти назаррасу босамари коргарону мутахассисони ботаҷриба дар маҳалли сохтмони камераи васлгарии обрасони агрегатҳо дар нақби нақлиётии Т-18 изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ ба масъулони иншоот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-18 ва камераи васлгарии нақбҳои обрасони агрегатҳои НБО “Роғун” 12.07.2022

Июль 12, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд