Президенти Ангола Хосе Эдуарду Душ Сантуш аз олам даргузашт

Июль 12, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 12.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ангола Хосе Эдуарду Душ Сантуш, ки наздик ба чор даҳсола — 38 сол ин давлати аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ бойи Африқоро роҳбарӣ мекард, дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба BBC.

Эдуарду Душ Сантуш дар беморхонаи Барселонаи Испания, ки он ҷо баъди сактаи дил муолиҷа мегирифт, фавтид. Вай 23 июн баъди ба сактаи қалб дучор гаштанаш11 бистарӣ шуд. Ба гуфтаи табибон, дар ӯ мушкилоти неврологӣ пайдо гардида буд.

Душ Сантуш дар мансаби Президенти Ангола 38 сол — аз соли 1979 то 2017 фаъолият дошт. Аз соли 2019 бештари вақташро дар Барселона, ҷое, ки табобат мегирифт, гузаронидааст.

Ҷонибдорони президент ӯро «меъмори сулҳ» меноманд, иддао менамоянд, ки ў соли 2002 ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дод. Соли 1979, дар 37-солагӣ Душ Сантуш дуюмин президенти Анголаи мустақил шуд.

Душ Сантуш бо собиқ Иттиҳоди Шўравӣ робитаи зич дошт. Ў дар Русия таҳсил карда, бо духтари рус издивоҷ кард. Духтари онҳо Изабела, тибқи фарзияи Forbes, аввалин миллиардерзан дар Африқо гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 12, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид