Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи истеҳсоли макаронро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи истеҳсоли макаронро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти соҳаи саноат дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби роҳбарият ва муассисони ҶСК “Ховалинг” сохта шудааст.
Пас аз ба истифода супоридани иншоот 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки 8 нафарашон занону дӯхтарон мебошанд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дастрасии дастгоҳу механизми муосири соҳавӣ имкон фароҳам меорад, ки 4 номгӯи макарон дар як шабонарӯз 1,5 тонна ва дар як моҳ 45 тонна истеҳсол карда шавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар оянда марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли макарон бунёд карда шуда, бо ин васила ҳаҷми истеҳсол дар як сол ба 1000 тонна расонида мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз имкониятҳои коргоҳи истеҳсоли макарон, бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот, фаъолияти ҳамешагӣ, афзоиш бахшидани самти фаъолият ва бо ин васила зиёд намудани ҷойҳои корию таъмини саривақтии талаботи сокинон бо ин маҳсулоти хӯроквориро зарур шуморида, бо назардошти имкониятҳои фаррохи ноҳияи Ховалинг дар самти афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ба масъулон дастуру супоришҳои махсус доданд.
Пас аз ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли макарон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ 5 намуд асал, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавот, хушкмева, шарбату консерва, ғалладонагиҳо ва маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия пешниҳод карда шуда буд.
Ҳамчунин техникаву механизми соҳаи кишоварзӣ, ки омодаи кор мебошанд ба намоиш гузошта шуда, иқтидори соҳаи кишоварзии ноҳия муаррифӣ карда шуд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид






