Ректори ДДОТ Аҳлиддин Ибодуллозода: Таваҷҷуҳи духтарон ба ихтисосҳои омӯзгорӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст

Июль 22, 2022 14:05

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 / АМИТ «Ховар»/. Имсол Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи интихоби якум 4 ҳазору 341 нафар довталаб интихоб намудаанд, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ зиёдтар мебошад. Ин дар ҳолест, ки нақшаи қабули соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ 2405 нафар мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки «махсусан духтарон ҳангоми интихоби ихтисосҳо бартариро ба ихтисосҳои омӯзгории ин донишгоҳ додаанд, ки ин шаҳодати боло рафтани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа ва таваҷҷуҳи бештари ҷавонон, хусусан духтарон ба касби омӯзгорӣ дониста мешавад».

Аҳлиддин Ибодуллозода таваҷҷуҳи бештари духтаронро ба ихтисосҳои омӯзгорӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон ва дастгирии ин қишри муҳими ҷомеа аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат арзёбӣ намуд.

Бартарии ихтисосҳои омӯзгорӣ бозгӯи нуфузи бештар пайдо намудани Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон миёни довталабон ва дигар муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии мамлакат аст. Дар натиҷа имсол донишгоҳро ду баробар бештар нисбат ба нақшаи қабул довталабон интихоб намудаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат омӯзгорон намерасанд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни ҷаласаи навбатии Ситод оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос ёдовар шуда, зикр кард, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб шуда, ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад.

Тавре вазир гуфт, «ба ҳолати 1 май дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2022-2023 эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ барои 3406 нафар пешниҳод гардида буд. Шурӯъ аз моҳи май ва баъд аз баргузории ҷаласаҳои доимии ситод 2537 нафар ба кор ҷалб шуда, айни ҳол ба 869 нафар омӯзгор эҳтиёҷ боқӣ мондааст».

АКС: АМИТ «Ховар»/манобеи боз

Июль 22, 2022 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд