«ӮРО БАРОИ ТРАФФИКИНГ* ҲАБС КАРДАНД». Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои хотиманаёбандаи қочоқи одамон изҳори нигаронӣ намудааст

Июль 21, 2022 12:41

ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сад бор чен кардан беҳтар аст аз як бор бурида, хато кардан ва аз кори карда пушаймон шудан. Шояд ҳоло ин духтари ҷавон бо номи Гуландом, ки дар боздошт қарор дорад, ҳамин тавр фикр кунад. Аммо дер шудааст, бояд пештар фикр мекард. Охир, ҳар кас дер ё зуд барои кирдори содиркардааш ҷавоб медиҳад.

Гуландом кист ва чӣ кор кардааст? Хабарнигори мо нақл мекунад.

Гуландом Гадоева 28 сол дорад. Сокини деҳаи Чиртаки ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода аст. Вай фикри ба таври ғайриқонунӣ ба даст овардани маблағро ба сар ҷо дода, бо мувофиқаи пешакӣ бо шаҳрванди Туркия бо номи Юсуф ба боварии духтарони ҷавони тоҷик  медарояд ва бо баҳонаи бардурӯғе, ки онҳоро гӯё бо кори судманд таъмин менамояд, онҳоро ба шаҳри Яловаи Туркия, ки Юсуф дар он ҷо зиндагӣ мекунад, даъват менамояд. Ҳамааш ҳамин тавр оғоз шуд…

Хулласи калом охируламр духтарон аз сабаби харидани чиптаҳои ҳавопаймо, иҷораи хона ва хӯрду хӯрок аз ӯ қарздор шуданд. Дар натиҷа Гуландом онҳоро дучори истисмори шаҳвонӣ ва маҷбуран ба танфурӯшӣ водор намуда, маблағҳои бо истисмори шаҳвонии духтарони тоҷик бадастомадаро пурра аз худ кардааст…

Нисбат ба Гуландом Гадоева Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар асоси моддаи 130 қисми 1, қисми 2, бандҳои «а», «б», «в», «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин бора ду моҳ қабл дар ахбори ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки тавассути шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» пахш гардид, гуфта шуда буд. Ва ин, мутаассифона, яке аз ҳодисаҳои ҷиноии қочоқи одамон аст, ки дар иртибот ба онҳо 19 июли соли равон Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи фаъолияти ин ниҳод изҳори нигаронӣ намуд.

Ба гуфтаи ӯ, давоми 6 моҳ дар ҷумҳурӣ 53 ҳодисаи хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст. Барои даст доштан дар ин қабил ҷиноятҳо 4 зан ва 8 мард боздошт шудаанд.

«Ин масъала хеле ташвишовар аст. Мо дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дода истодаем, аммо, мутаассифона, ин аъмоли зишт то ҳол аз байн нарафтааст», — шарҳ дод Вазири корҳои дохилӣ. Вай зикр кард, ки шикори раҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки духтаронро барои танфурӯшӣ ба Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо мефиристанд, идома дорад, вале то ҳол ҳамаи онҳоро ёфтан номумкин аст. Барои мисол, аввалҳои моҳи июн як зани чинӣ дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд, ки бо баҳонаи дарёфти ҷои кори сермузд мехост занони тоҷикро ба Дубай барад.

Ба ин нигоҳ накарда, Тоҷикистон дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад, минҷумла дар бобати андешидани тадбирҳои пешгирикунанда, гузаронидани корҳои тафтишӣ ҷиҳати ҷустуҷӯи шахсони гумшуда, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт. Тоҷикистон соли 2004 миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, қонун дар бораи мубориза бо қочоқи инсонро қабул карда буд. Дар ҷумҳурӣ дар ҳар се моҳ бо иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ оид ба ин мушкилӣ суҳбат гузаронида мешавад, ки мақсад аз он сафарбар намудани ҷидду ҷахди умум дар мубориза ба муқобили ин мушкил мебошад.

Муваффақияти муҳим дар ин самт таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва Раёсати махсуси мубориза бо хариду фурӯши одамон дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бо ин мушкилӣ қаблан дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико низ зикр шуда буданд.

Ва инак як хабари дигар: тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, 19 июли соли равон Департаменти давлатии ИМА Гузориши солонаи худро оид ба хариду фурӯши одамон дар ҷаҳон барои соли 2022 нашр кард, ки дар он вазъи ин соҳа дар 188 кишвари ҷаҳон таҳлил шудааст.  Дар гузориши нав Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои арзёбии коршиносони Департаменти давлатии Амрико мақоми худро дар Гурӯҳи дуюм (сатҳи 2) нигоҳ доштааст. Ба ин гурӯҳ  кишварҳое шомил мегарданд, ки талоши ҳукуматҳояшон мулоҳиза дар мубориза бо қочоқи инсон ва кори иҷборӣ қобили таҳсин шуморида шудааст.

Зебо ЮСУФ,
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: скриншот аз ахбори ҷиноятии Телевизиони «Тоҷикистон»

_______________

*Трафикинг (анг. Trafficking)  – кирдори ҷитноятӣ вобаста ба савдои одамон ба мақсади истифодаи онҳо ҳамчун ғуломи меҳнатӣ ё шаҳвонӣ

Июль 21, 2022 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад