Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳар як оиларо ба омодагии ҳарчи беҳтар ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳидоят карданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар як оила бояд дар фикри омодагии ҳарчи беҳтар ба мавсими тирамоҳу зимистон бошад ва талаботи қонуни танзимро ба таври қатъӣ риоя намояд. Ин нуктаро имрӯз зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон давраи ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулот идома дорад.
Бинобар ин, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки вақтро ғанимат донем, кишти такрориро боз ҳам вусъат бахшем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва ба масъалаи захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем, то мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода ба мушкилӣ дучор нашаванд ва танқисиву муҳтоҷӣ накашанд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти мамлакат пайваста зимни суханрониву ироаи паёмҳояшон ба ғанимат донистани вақт, сари вақт анҷом додани кишти зироатҳо, замина гузоштан барои ҳосили фаровон ва захираи дусола намудани маводи ғизоӣ дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахусус, дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус диданд, ҳидоят менамоянд.
АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






