Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 02.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тавсеаи ҳамкории мутақобила ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Санадҳои ҳамкорӣ дар доираи баргузории Форуми сайёҳӣ, ки чанд рӯз пеш дар Душанбе таҳти унвони «Густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ» баргузор шуд, ба имзо расиданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ Мудири Агентии иттилоотии сайёҳии Арабистони Саудӣ Ал-Утайби Сафар бо гурӯҳи ширкатҳои сайёҳӣ ва фаъолони шабакаҳои интернетии кишвараш ба Тоҷикистон омад.
Дар ҳошияи баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ Рраиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода бо ҳайати меҳмонон вохӯрӣ намуда, масъалаи дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд мавриди муҳокима қарор дод.
Меҳмонони саудӣ таассуроташонро аз дидаҳояшон аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат рангину хотирмон баён доштанд.
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҳарду мамлакат ҳамчунин оид ба масъалаи дастрасии нархҳо барои хизматрасонии сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия ибрози назар намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






