Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар Тошканд иштирок мекунад

Июль 28, 2022 12:10

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳридин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 28-29 июл дар Тошканд баргузор мегардад, ба Узбекистон сафар кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ иттилоъ дод.

Интизор меравад, дар доираи ин сафар Сироҷиддин Муҳридин бо ҳамтоёнаш якчанд мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ ширкат варзад.

Феълан раёсат дар СҲШ бар зиммаи Узбекистон аст.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи охирини Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ 13-14 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе, замоне ки раёсат дар созмонро Тоҷикистон бар зимма дошт, баргузор шуда буд.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли 2021 тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.

СҲШ созмони байналмилалӣ буда, соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон мебошанд.

Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»/ ВКХ ҶТ

Июль 28, 2022 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид