Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Июль 20, 2022 15:51

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳифз ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории кишварҳои минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ намуда, перомуни масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Гузашта аз ин таваҷҷуҳи хосса ба масоили амниятӣ дар заминаи вазъи кунунии Афғонистон равона гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вазирон лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ҳамоҳанг намуданд.

Қабл аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷиро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Н.Жапаров ба ҳузур пазируфт.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 20, 2022 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Дар Тянҷин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб мулоқот намуд
Дар Давҳа машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Густариши робитаҳои молиявии Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт
Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии маълумот ва зеҳни сунъии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид