ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 июл, якшанбе, 212-умин рӯзи соли 2022 аст

Июль 31, 2022 08:00

31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба истифодаи пурраи саноатӣ супорида шуд. 

***

31 июли соли 2013 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла роҳҳои татбиқи босамари санадҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар карданд.

31 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи занони Африқо.

***

Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи падар.

РӮЙДОДҲО:

31 июли соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд.

***

31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.

***

102 сол муқаддам, 31 июли соли 1920 Ҳизби коммунистии Британияи Кабир таъсис дода шуд.

***

31 июли соли 1941 дар ИМА полиси ҳарбӣ ташкил гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1965 дар телевизионҳои Британияи Кабир рекламаи тамоку манъ карда шуд.

***

31 июли соли 1994 Шӯрои Амнияти СММ барои ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ дар барқарорсозии сохтори конститутсионии Гаити иҷозат дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1961 ба Исроил муҳоҷири шумораи  миллионум ворид шуд.

***

Соли 1971 ситорашиноси амрикоӣ аввалин маротиба ба Моҳ баромад.

Июль 31, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш