ТОҶИКИСТОН ДАР РАДДАБАНДИИ ҶАҲОНИИ СУЛҲДӮСТӢ ПАНҶ ЗИНА БОЛО БАРОМАД. Кишвари мо дар рӯйхати давлатҳои дорои дараҷаи боэътимоди амният қарор дорад

Июль 25, 2022 12:33

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии сулҳдӯстӣ 2022 (Индекси ҷаҳонии сулҳдӯстӣ) панҷ зина боло баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Донишкадаи иқтисод ва сулҳ (Австралия), ки ҳамасола ин раддабандиро тартиб медиҳад, хабар додааст.

Тибқи ин раддабандӣ, соли 2022 Тоҷикистон миёни 163 давлат мавқеи 92-юмро ишғол намуд ва якбора панҷ зина боло рафта, аз кишварҳое, чун Гурҷистон (ҷои 95), Қазоқистон (97), Туркманистон (104), Беларус (116), Озарбойҷон (128), ИМА (129), Бразилия (130), Исроил (134), Ҳиндустон (135), Эрон (141), Туркия (145), Русия (160) ва ғайра пеш гузашт.

Исландия аз соли 2008 инҷониб ин мақоми авваро дар ин раддабандӣ ишғол намуда, оромтарин кишвар боқӣ мемонад. Ба қатори беҳтаринҳо дар  ин раддабандӣ инчунин Зеландияи Нав, Ирландия, Дания ва Австрия ворид шудаанд.

Дар охири раддабандӣ соли панҷум аст, ки пайдарпай Афғонистон  ҷойгузин мешавад. Баъд аз он Яман, Сурия, Русия ва Судони Ҷанубӣ қарор доранд.

Муаллифони раддабандӣ инчунин зикр кардаанд, ки сатҳи миёнаи сулҳдӯстӣ дар ҷаҳон 0,03% коҳиш ёфта, бинобар низоъҳои берунӣ ҳолатҳои фавт хеле афзудаанд, ки ин ба ҷанг дар Украина низ  рабт дода мешавад.

Илова бар ин, афзоиши нархҳо ноамнии ғизоӣ ва бесуботии сиёсиро дар саросари ҷаҳон бештар кардааст. Зимнан, дар раддабандӣ коҳиши шумораи амалҳои террористӣ зикр карда мешавад — ба гуфтаи мураттибон, ин беҳтарин нишондиҳанда баъд аз соли 2008 аст.


Соли 2021 Тоҷикистон дар ҷои 97-ум қарор дошт. Бар асоси гузориши Global Peace Index (GPI, «Индекси ҷаҳонии сулҳдӯстӣ»), Тоҷикистон дар ду сол якбора 15 зина боло баромадааст. Ба андешаи таҳлилгарон, Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое шомил мебошад, ки дорои сатҳи оромии миёнаанд.

Зикр мекунем, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ омилҳое, аз қабили сатҳи ваҳдати ҷомеа, риояи ҳуқуқи инсон, суботи сиёсиву иқтисодӣ, шумораи маҳбусон дар зиндонҳо, мизони таҳдиди террористӣ, хароҷоти мудофиавӣ ва иштироки ин ё он кишвар дар амалиёти ҷангӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии ҷаҳонии сулҳдӯстӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Институти иқтисод ва сулҳи Австралия нашр мешавад, Тоҷикистон соли 2018 дар ҷои 117, соли 2019 дар ҷои 105 ва соли 2020 миёни 163 кишвари ҷаҳон дар мавқеи 107 қарор дошт.

Ба андешаи таҳлилгарони Институти иқтисод ва сулҳ, Тоҷикистон дар феҳристи давлатҳои дорои сатҳи хеле боэътимоди амният қарор дорад.

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Институти Иқтисод ва Сулҳ (IEP)- маркази ҷаҳонии таҳлилӣ мебошад, ки қароргоҳаш дар Сиднейи Австралия ва намояндагиҳояш дар Ню- Йорк, Мехико ва Гаага ҷойгиранд. IEP аз ҷониби соҳибкори технологӣ Стив Киллелеа- асосгузори Integrated Research роҳбарӣ мешавад.

IEP дар ҳамкорӣ бо якчанд марказҳои таҳлилӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва академияҳо, ташкилотҳо, аз ҷумла Институти Аспен, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ, Институти байналмилалии сулҳ, Бунёди ҷомеаи кушод ва Коллеҷи King’s Лондон фаъолият мебарад.

Он ҳамчунин бо созмонҳои байниҳукуматӣ, аз қабили Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (OECD), Котиботи Иттиҳоди Аврупо, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), ЮНИСЕФ, СААШ, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунад.

GPI аз ҷониби таҳлилгарон ва созмонҳои пешқадам эътироф шуда, ба гузоришҳое, ба монанди Солномаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти мушкилоти сулҳи Стокҳолм (2009, 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016) шомил ва аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои Гузориши ҷаҳонии рушд дар соли 2011 таҳқиқ шудааст.

GPI ҳамасола нашр ва муаррифии он одатан дар Лондон, Вашингтон, ҳавзаи Колумбия, Женева, Париж, Ню- Йорк, Сидней, Брюссел ва Гаага баргузор мешавад.

GPI ба сифати сарчашмаи маълумот ва иттилоот аз ҷониби созмонҳои мухталифи байналмилалӣ, аз қабили СММ ва Бонки ҷаҳонӣ,  инчунин  олимон ва донишгоҳҳои тамоми ҷаҳон истифода бурда мешавад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 25, 2022 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид