«ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ ЯГОНАИ МО». Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо мақсади таҳаммулпазирӣ ҳамкориро бо ташкилоти динии ғайриисломӣ тавсеа бахшидааст

Июль 26, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми ташкилоти динӣ, чӣ исломӣ ва ғайриисломӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудаанд ва фаъолият доранд, ҳамеша дар тамос ва ҳамкорӣ мебошад. Чунин зикр намуд Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дирӯз, 25 июл дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар шаш моҳи соли равон.

Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ муваззафанд, ки аз фаъолияти солонаи худ ба Кумитаи дин, танзими анъна ва ҷашу маросим маълумот пешниҳод намоянд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайриисломӣ, ки динҳои гуногуни ҷаҳонро муаррифӣ мекунанд, чандин чорабиниҳо баргузор намуд, ки яке аз онҳо ҳамоиш таҳти унвони «Тоҷикистон — хонаи ягона» мебошад».

«Кумита дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қарорҳо, инчунин фармоишҳои Ҳукумати мамлакат ба роҳ монд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ ва се ҷамоатхона, дар маҷмӯъ 4058 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият намуданд, ки дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд», — илова кард Сулаймон Давлатзода.

Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии назди Кумита дар асоси 247 дархост 1359 номгӯй адабиёти динӣ, 214 адад фита, 25 адад телефони мобилӣ, се адад флешкорт, як ноутбук ва як протсесори дорои 11341 сабти видеоӣ ва аудиоӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дода шуданд. Аз ин теъдод ба 152 дархост хулосаи манфӣ ва ба 95 дархост хулосаи мусбат дода шуд. Ба 1261 номгӯй адабиёти динӣ, 88 адад фита, 14 адад телефони мобилӣ, 2 адад флешкорт, як адад ноутбук ва як адад протсессор хулосаи мусбат ва ба 98 номгӯй адабиёти динӣ, 1746 адад варақа, 127 адад фита 11 адад телефони мобилӣ ва як флешкорт хулосаи манфӣ дода шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд