Тоҷикистон ва Португалия татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 – ро баррасӣ намуданд

Июль 2, 2022 11:23

ДУШАНБЕ, 02.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар Лиссабон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Португалия Андре Франсиш дидор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот муносибатҳои Тоҷикистон ва Португалия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ муҳокима шуда, доир ба ҳамкории Тоҷикистон ва Португалия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар заминаи Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  6-9 июни соли 2022  дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 2, 2022 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд