ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯРО РОБИТАҲОИ ДЕРИНИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГӢ БА ҲАМ МЕПАЙВАНДАНД. Сафири ҶТ Ашрафҷон Гулов ба суолҳои рӯзномаи «Dünya» посух дод

Июль 15, 2022 18:24

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ба суолҳои хабарнигорони рӯзномаи «Dünya» дар робита ба 30-солагии барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия, муштаракоти фарҳангию таърихии ду кишвар ва ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ посух дод. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУДОВА аз шаҳри Истанбул иттилоъ медиҳад.

Зимни мусоҳиба зикр шуд, ки имсол аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия 30 сол пур мешавад. Дар тӯли ин солҳо дар муносиботи байни ду кишвар, хусусан дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва сиёсиву амниятӣ натиҷаҳои назарраси мусбат ба даст оварда шуданд.

«То ба имрӯз миёни ду кишвар заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, зиёда аз 70 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Маҳз дар заминаи ин санадҳо имконияти мусоиди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоию гуманитарӣ фароҳам гардидаанд», — иброз дошт Сафири Тоҷикистон дар Туркия.

Ашрафҷон Гулов оид ба робитаҳои дуҷониба дар самти иқтисод, фарҳанг, маориф, сайёҳӣ низ маълумот дода, зикр намуд, ки дар ин бобат фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз ёздаҳ нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.

«Аз ҷумла моҳи октябри соли 2021 нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Душанбе доир шуд, ки дар ҳошияи он Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия ва вохӯриҳои соҳибкорон ва сармоягузорони ҳарду кишвар бо иштроки беш аз 150 субъекти бахши хусусии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи ин мулоқотҳо созишномаҳои ҳамкорӣ бо арзиши умумии 75 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуданд», — илова намуд ӯ.

Ба гуфтаи Сафир, ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва сайёҳӣ низ дар муносиботи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо шарофати сиёсати «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 1 январи соли 2022 низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия ҷорӣ гардид, ки, бешубҳа, тасмими болозикр дар тарғибу тарвиҷи зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон нақши муҳим хоҳад дошт.

Зимни мусоҳиба бо хабарнигорони рӯзномаи «Dunya» Ашрафҷон Гулов зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои дерини таърихӣ ва фарҳангӣ доранд.

«Бо боварии комил метавон гуфт, ки омилҳои болозикр бояд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат намоянд», — гуфт Сафири Тоҷикистон дар Туркия.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Июль 15, 2022 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Фарҳангу таърихи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд