Варзишгари тоҷик Шаббос Негматуллоев дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс соҳиби медали биринҷӣ гардид

Июль 5, 2022 08:39

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев дар аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс – «Ҷоми Элорда» дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали биринҷӣ гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа, ки дар он  варзишгарон аз 10 давлати ҷаҳон иштирок доранд, 30 июн шуруъ гардида, имрӯз, 5 июл ба анҷом мерасад.

Шаббос Негматуллоев дар вазни -80 кг дар муҳорибаи аввалаш намояндаи кишвари мизбон Баиржан Баигоншеков, дар чорякфинал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз Танглатиан Аербекеи чинӣ шикаст хўрда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Варзишгари дигарамон Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар даври аввал аз варзишгари узбекистонӣ Дилшод Абдумуродов шикаст хўрд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 5, 2022 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд