ВКД ҶТ: соли равон дар Тоҷикистон 472 сӯхтор ба қайд гирифта шуда, хисороти онҳо беш аз 14 миллион сомониро ташкил дод

Июль 19, 2022 17:33

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз ба хабарнигорон гуфт, кидар тӯли шаш моҳи соли равон дар натиҷаи сӯхтори амволи давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 14 миллиону 394 ҳазор сомонӣ хисороти моддӣ расонида шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод нисбат ба соли гузашта  кам буда, соли 2021 хисороти расонидашуда дар ҳамин давра  16 миллиону 722 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Дар давоми 6 мохи соли равон дар ҷумҳурӣ шумораи сӯхтор низ кам шудааст. Дар ин давра дар кишвар 472 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳолат кам мебошад. Дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд, ки 3 нафари онҳо ноболиғон мебошанд.

Сабаби сар задани сӯхтор асосан омили инсонӣ – хунукназарии одамон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор мебошад.

Асбобҳои гармидиҳӣ, ҳавополоҳо (кондитсионерҳо), шамолдиҳандаҳо (вентиляторҳо) ва дигар асбобҳои рӯзгор шабонарӯзӣ ва на ҳамеша мувофиқи қоидаҳои бехатарӣ истифода бурда мешаванд.

Имрӯз дар саросари кишвар беш аз 86 нуқтаи оташнишонӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо дар  замони истиқлолият кушода шудаанд.

Бо мақсади коҳиш додани хатари сӯхтор дар байни аҳолӣ «Барномаи бехатарии сӯхтор барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, амалӣ мешавад ва дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар байни аҳолӣ дар ҳама сатҳҳо корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Дар давоми шаш моҳ кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 6000 муассисаҳои гуногунро ҷиҳати риояи қоидаҳои  пешгирии  сӯхтор тафтиш намуда, фаъолияти биноҳое, ки дар ҳолати таҳдиди сӯхтор қарор доранд, боздошта мешавад.

Елена БАТЕНКОВА,
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2022 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд