Зиёда аз 300 метр роҳи маҳаллаи «Навобод»-и шаҳри Истаравшан мумфарш мешавад
СУҒД, 03.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони маҳаллаи «Навобод»-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бо дастгирии истиқоматкунандаи ҳамин маҳалла соҳибкор Одилҷон Маъруфов тасмим гирифтанд, ки зиёда аз 300 метр роҳро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ мумфарш намоянд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» раиси маҳаллаи «Навобод»-и шаҳри Истаравшани Маҳбуба Сангинова хабар дод.
Зимни суҳбат раиси маҳалла иброз дошт, ки айни ҳол кӯчаи Куришеви маҳаллаи мо бо 150 тонна асфалт мумфарш карда шуда, ҳамзамон қубурҳои обгузар навсозӣ гардиданд. То ин муддат кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Пӯлод Комил пурра мумфарш гардида, кӯчаи Маҳмуд Аъзам қумпӯш шудааст.
«Мо сокинони маҳалла доимо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ободии маҳалли худ саҳмгузор бошем. То ин вақт бахшида ба ҷашнҳои бузурги давлатӣ дар маҳаллаи «Навобод» якчанд кӯчаҳоро мумфарш намудем. Бархе симчӯбҳо нав ва кӯчаҳо чароғон гардонида шуданд.
«Мана, имрӯз кӯчаи Куришев бо дастгирии соҳибкори саховатманд Одилҷон ва сокинони сарбаланди маҳалла мумфарш карда шуданд. Гузашта аз ин, дар назди хонаҳои баландошёна қуттии партов гузошта шуд, ки барои тозагии муҳити атроф муҳим аст. Ҳамвора дар оғози фасли баҳор маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ гузаронида мешаванд»,- илова кард Маҳбуба Сангинова.
Ҳамчунин раиси маҳалла таъкид намуд, ки сокинон рӯзҳои шанбе пайваста барои тоза кардани маҳалла ҳашар мегузаронанд. Маҳаллаи «Навобод» солҳои охир яке аз беҳтарин маҳаллаҳо дониста шуда, дар он корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд, сокинон баҳри боз ҳам обод гардонидани маҳал ҳамеша дар талошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






