ЗИЁДШАВИИ МАОШ ВА НАФАҚА. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзўъ

Июль 6, 2022 13:36

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, шурӯъ аз 1 июл музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг, соҳаҳои иҷтимоӣ ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2022 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Тибқи банди дуюми фармони Сарвари давлат, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, 366 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба андозаи 745 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 830 сомонӣ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд.

Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд.

Шурӯъ аз 1 июли соли равон андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд гардид.

Тавре директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ 7 феврали соли равон иттилоъ дод, ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1239 парастор ва 1653 нафар кӯдакони ятим сабти ном шудаанд, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо дар як моҳ 232,9 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин 47 844 парастор ва 79 453 нафар кӯдакони нимятим бо ҳаҷми миёнаи нафақаи 151,75 сомонӣ номнавис шудаанд.

Сардори раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Вализода қаблан ба АМИТ «Ховар» гуфта буд, ки тибқи фармони мазкур, зиёда аз 90 ҳазор кӯдакони ноболиғ, яъне то 18-сола ба он фаро гирифта мешаванд. Яъне нафақаи категорияи мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ ба андозаи 51 сомониву 75 дирам зиёд карда мешавад. Дар маҷмӯъ, барои афзоиши навбатии нафақаи ятимон дар буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 50 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст.

Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод, ки теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то оғози соли равон 749 ҳазору 817 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 157 ҳазору 779 нафар нафақагирони маъюб мебошанд.

Аз шумораи умумии маъюбон 16 891 нафарро маъюбони гурӯҳи якум, 75 640 нафарро маъюбони гурӯҳи дуюм ва 33 445 нафарро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбон аз овони кӯдакӣ то 18-сола дар ҷумҳурӣ 31 803 нафарро ташкил медиҳад.

Анҷом додани тадбири мазкур баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марҳила марҳила зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияро зарур шумориданд. Дар ин робита фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 13 январи соли 2022 ба тасвиб расид.

АКС аз манбаъҳои боз ва бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2022 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро бо Словакия дар соҳаи роҳу нақлиёт тақвият медиҳад
ТАҲҚИҚИ ХОК. Баъзе аз кишоварзон бе назардошти маълумоти ташхиси корҳои агрокимёвии хок ва шароити иқлимӣ-иқтисодии минтақа фаъолияти истеҳсолиашонро оғоз менамоянд