Зулфия Давлатзода дар бораи ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ISESCO ворид гардидани 19 ёдгории Тоҷикистон хабар дод

Июль 12, 2022 14:57

ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ISESCO ворид гардиданд. Ёдгориҳои мазкур зимни ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки аз 4 то 7 июли соли равон дар Шоҳигарии Мароко баргузор гардид, тасдиқ шудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода ба хабарнигорон мужда дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, парвандаҳои номинаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони вазорат таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид. Аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодгардида, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигар ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.

Дар нишасти хабарӣ Зулфия Давлатзода изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз овозхонон суруду таронаҳои худро бе мувофиқаи Вазорати фарҳанги мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ мекунанд, ки баъзе аз онҳо бо шеърҳои беқофияву бемантиқ ва оҳангҳои сабуку бегона суруд хонда, ба ҷомеа, бахусус ба мафкураи ҷавонону наврасон таъсири манфӣ мерасонанд.

«Ба Раёсати санъат ва фарҳанги вазорат дастур дода шудааст, ки бо чунин овозхонон корбарӣ намояд, то ин ки онҳо пеш аз омода намудани суруду оҳанг бо устодони санъат, мутахассисони соҳа, донандагони вазни шеър суҳбату машварат доир кунанд ва маслиҳати муфид гирифта, матни асил ва мусиқии касбиро интихоб намоянд», — таъкид намуд Вазири фарҳанг.

Ба таъкиди ӯ, дар шашмоҳи соли равон ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ асарҳои драмавӣ ва 27 ҳазору 800 сомонӣ асарҳои мусиқи харидорӣ шудаанд. Он суруду мусиқиҳое, ки дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пахш мегарданд, қаблан аз ҷониби шуъбаи бадеӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки ки дар назар аст, дар оянда лоиҳае омода карда шавад, то қоидаҳои тартиби ташкили сафарҳои ҳунарии ҳунармандони мусиқиро ба танзим дарорад.

Дар ҷараёни нишаст Вазири фарҳанги мамлакат ҳамчунин иттилоъ дод, ки «соли равон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон, Покистон ва Русия дар назар аст. Ҳадафи аслии онҳо густариш ва тақвияти равобиту ҳамкории судманди фарҳангӣ ва ҳунарӣ бо ин кишварҳо мебошад».

«Айни замон тамоми имкониятҳо барои таҳкими робитаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ амалӣ гардида истодаанд. Дар оянда барои табодули таҷриба, муаррифии бештари фарҳанги миллати тоҷик дар хориҷ тадбирҳои муассиртар андешида мешаванд», — тазаккур дод Зулфия Давлатзода.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2022 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид