14 нафар хатмкардагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Томски Русия роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 нафар хатмкардагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия роҳхат гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин бора 28 июл зимни мулоқоти ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Томск Николай Погодаев хабар дода шуд.
Ҳамчунин дар мулоқот ҷонибҳо барои мустаҳкам намудани равобити байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати омода намудани мутахассисон аз рӯи равияи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба мувофиқа расидаанд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо чанд донишгоҳи Федератсияи Русия равобити судманд дошта, ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф густариш меёбад. Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия аз ҷумлаи донишгоҳҳое мебошад, ки имрӯз равобиту ҳамкории ДМТ бо он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба фаъолияти донишгоҳҳо ва рушди ҳамкории илмию таълимии Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбат намуданд.
Акс: ДМТ








Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад






