Аҳлиддин Турдиев: «Чемпионати CAFA-2022 дар Душанбе — марҳилаи муҳими омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023»

Август 5, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола оғоз ёфта, то 12 август идома меёбад, ки дар он панҷ дастаи мунтахаб барои унвони беҳтарин дастаи минтақа миёни ҳам мубориза мебаранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.  

Ба ин муносибат пеш аз мусобиқа нишасти хабарӣ сурат гирифт, ки дар он сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол  Аҳлиддин Турдиев иштирок намуд.

Ӯ гуфт, ки «чемпионати дар пеш истодаи CAFA-2022 дар Душанбе марҳилаи муҳими омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад, ки дар он мо бо дастаҳои мунтахаби Лубнон, Сингапур ва Камбоҷа бозӣ хоҳем кард. Дар чемпионати мазкур  мо бо дастаҳои мунтахаби  ҷавонони Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон чор вохӯрии хуби санҷишӣ мегузаронем. Мутаассифона, дар мусобиқаи CAFA мо ба чанд бозингар умед баста наметавонем. Аз ҷумла, Амадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода ва Меҳрубон Каримов дар бозиҳо ширкат намекунанд, вале мо дар бозиҳои муҳими марҳилаи интихобии чемпионати Осиё онҳоро ҳатман даъват мекунем. Ҳоло мо аз бозӣ ба бозӣ омодагӣ мебинем. Вазифаи мо ин аст, ки дар ҳар бозӣ ғалаба карда, бозии хуб нишон диҳем ва ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омода бошем».

Мавриди зикр аст, ки дар Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Дар маҷмӯъ, дар доираи Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола  даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 19-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола 

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Узбекистон, Афғонистон, Қирғизистон.

Даври 1

5 август (ҷумъа)

18:00 – Узбекистон – Эрон

21:00 – Қирғизистон – Афғонистон

Даври 2

6 август (шанбе)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

21:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3

8 август (душанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4

10 август (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

12 август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Акс: ФФТ

Август 5, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд