Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм фаъолияти 7 муассисаи таълимиро қатъ намуд

Август 2, 2022 13:32

ДУШАНБЕ, 02.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 7 муассисаи таълимиро, ки ба талаботи стандартҳои соҳаи маориф ҷавобгӯ набуданд, боздошт ва қатъ намуд, иттилоъ дод Директори агентӣ Икром Субҳонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

«Аз ҷумла, Мактаби хусусии Мирзо Ҳасанзода дар ноҳияи Мастчоҳ, Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Ояндаи дурахшон» дар шаҳри Бӯстон, ҶДММ «Ҳисор», ҶДММ «Хонаи британиягӣ» (кӯдакистон) дар шаҳри Душанбе, Маркази таълимии «Чароғи дониш» дар шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сафои Ватан» дар шаҳри Душанбе ва ихтисосҳои тиббии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд» дар асоси қарори мушовараи агентӣ боздошт ва қатъ карда шуданд», — гуфт Икром Субҳонзода.

Мавсуф зикр намуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон масъулини раёсату шуъбаҳои агентӣ 523 аттестатсияи давлатӣ, 306 акредетатсияи давлатӣ, 13 азнавбарасмиятдарорӣ ва 125 ташхиси иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимиро ба анҷом расониданд.

«Натиҷаи санҷиши сатҳи муассисаҳои таълимии мамлакат маълум намуд, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар самти асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва таъминоти кадрии муассисаҳои таълимӣ, ки омили асосии баландбардории сифати таҳсилот маҳсуб мешаванд, тағйироти мусбат ба мушоҳида мерасад», — афзуд директори агентӣ

Тибқи нақшаи кории агентӣ, дар шаш моҳи соли 2022 ҷиҳати муайян намудани сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 515 муассисаи таълимӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсил гузаронида шуд, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2021 16 муассиса зиёд мебошад.

Дар ин давра сатҳи донишазхудкунии хонандагон дар 471 муассисаи таҳсилоти умумии санҷидашудаи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 76,8 фоиз ва сифати таҳсил 32,9 ва дар муассисаҳои ғайридавлатии таълимӣ ва дорои мақоми ҷумҳуриявии санҷидашуда сатҳи донишазхудкунии хонандагон 79,3 фоиз ва сифати таҳсил 47 фоизро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат (21 декабри соли 2021) аз сатҳу сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки «бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд», — изҳор намуданд Сарвари давлат.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2022 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд